Главная / Политика / Эмомалӣ Раҳмон доир ба нақшаҳо дар давраи раёсат дар ИДМ

Эмомалӣ Раҳмон доир ба нақшаҳо дар давраи раёсат дар ИДМ

Эмомалӣ Раҳмон доир ба нақшаҳо дар давраи раёсат дар ИДМ

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия иштирок ва суханронӣ намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои узви ИДМ нахуст дар ҳайати маҳдуд ва сипас бо иштироки ҳайатҳои расмии давлатҳои узв баргузор гардида, дар он масъалаҳои вобаста ба самтҳои асосии рушди ҳамкориҳои минбаъда дар риштаи сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар бахшҳои калидии фаъолияти иттиҳод мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ҷаласаи ҳайатҳои васеъ Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, аз нақшаву ниятҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар давраи раёсат дар ИДМ, ки дар соли оянда ба уҳдаи кишвари мо вогузор мегардад, ёдовар шуд. Таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон Консепсияи раисӣ дар иттиҳод ва нақшаи иҷрои он таҳия шуда, дар татбиқи ҳадафмандонаи он ҳамаҷониба саҳм гузошта хоҳад шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон тақвияти ҳамкориҳои давлатиро дар соҳаҳои иқтисоду энергетика, саноат, нақлиёту инфрасохтор, кишоварзӣ, иҷтимоӣ, меҳанат, муҳоҷират, гуманитарию инноватсионӣ ва ҳифзи муҳити зист аз самтҳои афзалиятноки ҳамгироии дуҷониба ва бисёрҷонибаи давлатҳои аъзои Иттиҳод барои давраҳои оянда арзёбӣ намуданд. Дар ҳамин замина татбиқи Стратегияи рушди иқтисодии Иттиҳод барои давраи то соли 2022 ва Аҳднома дар бораи минтақаҳои озоди тиҷоратӣ махсус таъкид карда шуд.

Доир ба тақвияти ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ ва амниятиву мудофиавӣ дар доираи иҷрои Консепсияи ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникии кишварҳои иштирокдори ИДМ барои давраи то соли 2020 ва Барномаи панҷсолаи ҳамкорӣ оид ба таҳкими амнияти марзӣ фикру мулоҳизаҳои судманд баён карда шуд.

Эмомалӣ Раҳмон доир ба нақшаҳо дар давраи раёсат дар ИДМ11:09 11 октябр

Дар иҷрои уҳдадориҳои раёсат дар ИДМ Лавров ба Тоҷикистон комёбӣ орзу кард

Ҳамчунин ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар доираи узвият дар СММ ва дигар ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ вобаста ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор таъкид гардид.

Таваҷҷуҳи иштирокчиёни ҷаласаи Шӯро ҳамзамон ба масъалаи таъмини амнияту субот дар Афғонистон, таҳкими иқтидорҳои марзбонӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ҷалб карда шуд.

Дар кори ҷаласа роҳбарони ҳайатҳои иштирокчӣ хамчунин доир ба ҳамгироӣ дар доираи Иттиҳод дар масъалаи мубориза бо коррупсия, ҳамоҳангсозии фаъолияти Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва мутобиқсозии он ба таҳдидҳои муосир, эълон намудани соли 2019 — Соли китоб ва масъалаҳои вобаста ба раёсат дар иттиҳоду  муайян намудани макон ва санаи  баргузори ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои он табодули афкор  намуданд.

Вобаста ба натиҷаҳои ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони давлатҳои узви ИДМ қарорҳои дахлдор қабул карда шуд ва раёсат дар ИДМ дар соли 2018 ба ҷониби Тоҷикистон вогузор гардид.

Источник — News.TJ

Читайте также

На севере Таджикистана задержан «рэкетир» из 90-х

На севере Таджикистана сотрудниками милиции задержан гражданин Мансур Назаров, криминальный авторитет из 90-х, житель города …

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *