Главная / Другие / Садамаи Су-24-и Русия дар Сурия ва ҳалокати сарнишин

Садамаи Су-24-и Русия дар Сурия ва ҳалокати сарнишин

Садамаи Су-24-и Русия дар Сурия ва ҳалокати сарнишин

Дар пойгоҳи Хмеймими Сурия, ки низомиёни рус онҷо қарор доранд, як ҳавопаймои бомбаандози Су-24 ҳангоми парвоз аз хат берун шуд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, сарнишин натавонистааст саривақт худро берун андозад ва ҳалок шудааст.

Гуфта мешавад, ин фоҷиа имрӯз, 10 октябр, замоне ки бомбаандоз ба парвоз омода мешуд, рух додааст. Тибқи маълумоти пешакӣ, сабаби садама нуқси техникӣ дониста мешавад.

Садамаи Су-24-и Русия дар Сурия ва ҳалокати сарнишин10:37 16 январ

Суқути ҳавопаймо дар Бишкек ва ҳалокати беш аз 30 нафар

Қобили зикр аст, ки садамаи Су-24 ҳодисаи сеюми талафоти ғайриҳарбии ҳавопаймоҳои русиягӣ дар амалиёти Сурия аст. Соли 2016 зимни нишастан ба майдони крейсери «Адмирал Кузнетсов» МиГ-29К ва Су-33 ба садама дучор шуда, сарнишинонаш ҷон ба саломат бурданд.

Моҳи декабри соли 2016 ҳавопаймои Ту-154-и Вазорати мудофиаи Русия, ки ансамбли рақсу таронаи ба номи Александров ва роҳбари ташкилоти хайрияи «Справедливая помощь» Елизавета Глинка (Доктор Лиза)-ро ба Сурия мебурд, дар Баҳри Сиёҳ суқут кард.

Источник — News.TJ

Читайте также

ca3b42073d346542fd2e2f0508fb83de

Шаҳрванди Тоҷикистон корманди пулиси Маскавро лату кӯб кард

Як сокини Тоҷикистон ба дархости кормандони пулис бобати нишон додани ҳуҷҷатҳо ғайриоддӣ рафтор намуда, яке …

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *