Срочные новости
Главная / Политика / Президент раиси Суди иқтисодии Душанберо аз вазифа озод кард

Президент раиси Суди иқтисодии Душанберо аз вазифа озод кард

Президент раиси Суди иқтисодии Душанберо аз вазифа озод кард

Бо фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 25 сентябри соли равон раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Сафармо Имомзода аз вазифааш озод карда шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҳамчунин Мамлакат Очилзода аз вазифаи судяи суди вилояти Суғд бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан ва Машрабзода Азим Карим аз вазифаи муовини раиси суди иқтисодии вилояти Хатлон бо хоҳиши худаш озод карда шуданд.

Рӯзи 25 сентябр ҳамчунин бо фармони Президенти Тоҷикистон сафири Тоҷикистон дар Австрия Идибек Қаландар ҳамзамон Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва созмонҳои дигари байналмилалӣ (Вена, Австрия) таъин карда шуд.

Источник — News.TJ

Читайте также

b8cf9e6c8d5fe37b4ad17ac4196a643e

Эмомали Рахмон: «Я поклялся, что если понадобится, то в обмен на свою жизнь принесу своему народу мир»

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон 19 ноября выступил на торжественном собрании по случаю 25-й годовщины 16-й …

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *